Рус. Тоҷ.
    Ассотсиатсия Ахбор Фаъолият Бюрои таърихҳои кредитӣ Лизинг Интишорот Робита  
Навигариҳои Ассотсиатсия
14-16 марти соли 2016 бахшида ба ҳафтаи Байналмиллалии Молия барои кудакон ва наврасон (Global Money Week)Ассотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон дар мактабҳои олии мамлакат, аз ҷумла Донишкадаи Иктисод ва Молияи Тоҷикистон, Донишкадаи Соҳибкори ва Хизмат ва Донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон семинару машваратҳо дар мавзуи: "Маърифати молияви" ташкил намуда, онҳоро дар сатҳи баланд гузаронид. Дар барномаҳои зикршуда зиёда аз 143 нафар донишҷуён, аспирантҳо, магистрантҳо ва талабагони литсейҳо иштирок варзиданд: (ҷадвал....)
12 декабри соли 2015 маркази таълимии Ассосиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон бо иштироки устодон ва донишҷуёни Донишкадаи соҳибкори ва хизмат семинари сайёр дар мавзуи: "Баланд бардоштани сатҳи дониши молияви" доир намуда, онро дар сатҳи баланд гузаронид. Максади барнома мукаммал гардонии малакаи дониши ҷавонон вобаста ба хизматрасониҳои ташкилоти карзи мебошад. Дарбарнома масъалаҳои зерин мавриди муҳокима гардиданд: таҳлили микдори ва сифатии сандуки карзии бонк - дороиҳо, уҳдадориҳо, сарчашмаҳои ҷалбшуда, сармоя, накши сармояи бонк, коэффисенти кифоякунандаи сармоя, ҳисоббаробаркунии активҳои бонк ба вазни хавф баркашидашуда, зарар аз ҳисоби карзҳои батаъхирафтода, таснифи карзҳо мутобики Дастурамали № 177 "Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи захира ва фонди пушонидани талафоти имконпазир аз руи карзҳо" муҳокима гардиданд. Ассотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар оянда бо мактабҳои олии ҷумҳури ҳамкори намуда, барои муаллимони факултаҳои иктисоди курсҳои тахассуси гузаронад. Маводҳои курсҳо дар ҷараёни таълим истифода шаванд.
5 декабри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон вобаста ба чорабиниҳо оиди амалӣ намудани Лоиҳаи " Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2030" бо максади такмил ва мураттаб сохтани низоми молиявии кишвар бо иштироки устодон ва донишҷуёни донишгоҳ семинар дар мавзуи: "Баланд бардоштани сатҳи дониши молиявӣ" гузаронида шуд. Ба сифати муаллими семинар роҳбари маркази таълими-муовини аввали раиси Ассотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон Сайисмонов Раҳматшо иштирок варзид. Дар семинар масъалаҳои зерин мавриди муҳокима гардиданд: идоракунии сандуки карзии бонк; усулҳои баҳодиҳии кобилияти пардохтпазирии карзгир; эътибори(рейтинги) карзгир; усулҳои муосири пардохти карз. ҳадафи чунин чорабиниҳо ба мукаммал гардонии малакаи дониши ҷавонон вобаста ба хизматрасониҳои ташкилоти карзи нигаронида шудааст. Дар ин ҷода, Ассотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон бо мактабҳои олии ҷумҳури ҳамкори дорад ва пешбинии шудааст, ки минбаъд курсҳои тахассуси барои муаллимони факултаҳои иктисоди гузаронида шавад ва маводҳои пешниҳодшуда дар ҷараёни таълим истифода бурда шаванд.
14 октябри соли 2015 дар Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2015 таҳти унвони "Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор" дар доираи таҳлили "Рўзи соҳибкор" оғоз гардид. (давомаш....)
5 марти соли 2015 Маҷлиси умумии солонаи Ассотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Иштирокчиёни ҷаласа ҳисоботро дар бораи фаъолияти Ассотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон дар соли 2014 ва дурнамои фаъолият барои соли 2015, ҳисоботи комиссияи тафтишотиро дар бораи фаъолияти молиявии Ассотсиатсия дар соли 2014 барраси ва буҷети Ассотсиатсияи Бонкҳоро барои соли 2015 тасдиқ намуданд.
Маҷлиси умумии солонаи муассисон фаъолияти Ассотсиатсияро дар соли сипаришуда қаноатбахш ҳисобида, нақшачорабиниҳо барои таҳким бахшидани кори пурсамари фаъолияти Ассотсиатсияи Бонкҳо барраси гардид. Сайисмонов Раҳматшо-ро маҷлиси муассисон муовини аввали Раиси Ассотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон интихоб намуданд.
28 январи соли 2015 маҷлиси навбатии Раёсати Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Раёсат И. Лалбеков ба муҳокимаи иштирокдорон масъалаи даъват намудани Маҷлиси умуми солонаи АБТ ва рўзномаи он дар бораи фаъолияти Ассотсиатсияи бонкҳо дар соли 2014 ва дурнамои фаъолият барои соли 2015 пешниҳод намуд. Раёсат баъди муҳокима ва тасдиқи рузнома қарор қабул кард, ки Маҷлиси умумӣ 5 моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
Раиси Ассотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон Изатулло Лалбеков дар маљлиси васеъи Шўрои Хамоҳангсозии Созмони молиявӣ-бонкии мамлакатҳои аъзои Созмонии Хамкории Шанхай, ки 16 маи соли 2014 дар шаҳри Алмаатои Чумҳурии Казоќистон баргузор гардид, ширкат варзид.Дар маҷлис масъалаи "Хамкории сохторҳои молиявӣ-бонкии мамлакатҳои аъзои Созмонии Хамкории Шанхай" муҳокима гардид.Хамчунин дар чаҳорчубаи чорабинии мазкур вохўрии иштирокчиён дар шакли В2В шуда гузашт.
Раиси Ассотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон Изатулло Лалбеков дар маҷлиси навбатии Шўрои Байналмиллалии бонкӣ, ки 15 май дар пойтахти Ҷумҳурии Киргизистон- шаҳри Бишкек баргузор гардид, иштирок намуд. Дар маҷлис масъалаҳои вобаста ба "Навгониҳо ва хизматрасониҳои нави бонкӣ: таҷриба, самтҳо ва перспективаҳои тиҷорати бонкӣ" мавриди баррасии ҳамаҷониба карор гирифтанд.
23 августи соли 2013 дар Ассотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон шартнома дар бораи таъсиси Ассотсиатсияи молияви- бонкии мамлакатҳои аъзои ҳамкории Шанхай ба имзо расид.
Муассисони Ассотсиатсияи нав 7 иттиҳодияи гайритиҷорати ва ассотсиатсияи Федератсияи Россия, Казоқистон ва Тоҷикистон мебошанд.
12 июни соли 2013 Раиси Ассотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон И. Лалбеков бо даъвати намояндаи доимии Хазинаи байналхалқии асъор (ХБА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати намояндагони ХБА ва Бонки ҷаҳони оиди масъалаҳои маъмурикунонии андоз иштирок намуд. Ширкаткунандагони ин мулоқот-намояндагони субъектҳои мухталифи хоҷагидорӣ, аз ҷумла бонкҳо оиди такмили минбаъдаи маъмуригардонии андоз таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.
2-3 майи соли 2013 Ассотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон бо дастгирии Ҷамъияти ҳамкории байналмиллалии Олмон (GIZ) дар мавзўъи "Татқиқоти маркетингӣ дар институтҳои молиявӣ" тренинги байналхалкӣ гузаронд, ки дар он 23 мутахассисони пешбари бонкњо ва ташкилотҳои молиявии гайрибонкӣ иштирок доштанд.
Барои гузаронидани машгулиятҳои маркетинг мутахассиси варзидаи ин соҳа-Директори генералии ширкати Quantitative Techniques (QuanTeq) Александр Пахомов даъват шуда буд. Ширкати Quantitative Techniques (QuanTeq) аз рўи лоиҳаҳои мухталиф кор мекунад вале самти муҳимтарини фаъолияти он хизматрасони ба бахшҳои телекоммуникатсия, бахши бонки ва IT (технологияҳои ахборотӣ) мебошад. Ширкату бонкҳои бонуфуз аз ҷумла, Google, Vimpel Com( Билайн), Альфа-банк, Master Card, Renaissance Creditи аз ҷумлаи мизоҷони ин ширкат мебошанд.Дар давоми 16 соли фаъолияти худ ин ширкат дар бахшҳои хизматрасонии молиявӣ ва ширкатҳои сармоягузорӣ бештар аз 300 лоиҳаро татбик намудааст.
Ассотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон бо дастгирии Ҷамъияти ҳамкории байналмиллалии Олмон (GIZ), рузҳои 23-24 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе курси муштарак дар мавзуи: "Асосҳои хавфҳои бонкӣ: идоракунии хавфи қарзӣ ва сандуқи қарзӣ" ташкил намуданд, ки дар он 22 нафар мутахассисони пешбари бонкҳои аъзои Ассотсиатсия иштирок намуданд, аз ҷумла кормандони БДА ҶТ "Амонатбонк", ҶСК "Ориёнбонк", ҶСК "Агроинвестбонк", ҶСП БСТ ТИСТ "Тоҷпромбонк", ҶСК "Бонки Эсхата", ҶСП "Фононбонк" дар семинари номбаршуда фаъолона иштирок намуданд.
Пасандозҳои мизочони бонкҳои исломӣ мутобики созишномаи "Музораба"
"Музораба" (дар забони муосири арабӣ - ҳаннотӣ) - созишнома, ки мутобики он дорандаи маблагҳои зиёдатӣ (раббу-л-мол)онҳоро ба шахсе боварӣ менамояд, ки ў дорои имкониятҳо ва тачрибаи муайяни соҳибкорӣ барои истифодаи самаранокӣ ин маблагҳо мебошад (музориб). (давомаш....)
Рузи 2 марти соли 2013 дар толори мехмонхонаи "Точикистон" чаласаи Умумии Муассисони Ассотсиатсия баргузор гардид, ки дар ин чаласа хисоботи Раиси Раёсат оиди фаъолияти Ассотсиатсия ва хисоботи Комиссияи тафтишоти оиди фаъолияти молиявию хочаги дар соли 2012 - ум барраси карда шуд, инчунин дурнамоии фаъолияти Ассотсиатсия барои соли 2013 тасдик шуд. Мутобики карори мачлиси умумии муассисон фаъолияти Ассотсиатсия дар соли сипаришуда каноатбахш хисобида шуд ва супориш дода шуд, ки мутобики карори муассисон фаъолиятро давом дода инчунин барои чори намудани маводхои нави бонки ва заминаро барои асоснок намудани навоварихо, ба монанди интернет-банкинг, мобайл-банкинг ва бонкдории исломи фаъолтар намудан лозим аст.
Саводнокии молиявӣ. Хисобот оиди корхои ичрошуда (давомаш....)
7-8 июни соли 2012 Ассотсиатсияи бонкҳоиТоҷикистон бо дастгирии Корпоратсияи Молиявии Байналхалқӣ дар мавзўъи "Идоракунии хавфи бонкӣ то ва баъди бўҳрони молиявӣ" тренинги байналхалқӣ гузаронд. Тренинг ба масъалаи андешидани чораҳои амалии ташкили низоми идоракунии хавфи нокифоягии пардохтпазирӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ бахшида шуд. Машғулиятҳоро мумайз (эксперт)-и соҳибтаҷриба дар соҳаи идоракунии хавфҳо дар бахши молиявӣ- корманди ширкати London Borough Hamlets Lifeiohg Learning Servse Виктор А. Гилл гузаронд.
Мўҳтарам шунавандагони семинар! Мо Шуморо ба курсҳои тахассусӣ дар соли 2012 даъват менамоем! (давомаш....)
14 ноябри соли 2011 дар АБТ вохўрии Раиси Раёсат И. Лалбеков бо ҳайати намояндагони Бонки Рушди Осиё бо сардории хонум Lotte Schou-Zidell барпо гардид. Дар рафти мулоқот хонум Lotte Schou-Zidell қайд кард, ки мақсади сафари ҳайат- ҷамъоварии маълумотҳо дар чаҳорчўбаи Лоиҳаи расондани кўмаки техникӣ ба бахши молиявии Тоҷикистон мебошад. Зикр гардид, ки дар чаҳорчўбаи ин лоиҳа корҳо дар ду самт идома меёбанд:
1. Муайян намудани минбаъда ниёз доранд, сатҳи имрўза ва самтҳои такмили онҳо. Таҳияи соҳаҳои нисбатан муҳимтар дар дохили бахши низоми молиявӣ, ки ба рушди нақша ҷиҳати расидан ба сатҳи зарурӣ;
2.Таҳлили иттилооти дастрасшуда ва зарурати дар асоси он бозомўзии кормандон барои мақомоти молия ва танзимкунанда.
14 ноябри соли 2011 дар Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон бо иштироки намояндагии Корпоратсияи Молиявии Байналхалқӣ дар Тоҷикистон(IFC) ва ширкатҳои лизингӣ машварат доир гардид. Дар он масъалаҳои андозбандии қарордодҳои лизингӣ ва рушди истеҳсолоти дохилӣ тавассути амалиётҳои лизингӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мулоқот дар чаҳорчубаи супоришҳои Президенти Чумҳурии Тоҷикистон. Муҳтарам Эмомали Раҳмон гузаронида шуд.

9 ноябри соли 2011 Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ бо иштироки ҳамкорони маҳаллии худ оиди масъалаи таёр намудани мутахассисони касбӣ барои Тоҷикистон дар бахши идоракунии хавфҳо конфаронси матбуот доир намуд.Дар нишасти матбуотӣ кормандони Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон - муовини Раиси раёсати АБТ Ким В.А. ва директори Маркази таълимии байнибонкӣ Сайисмонов Р.С., ки дар айни замон тренерони ин барнома мебошанд, иштирок доштанд. ( давом....)

14 октябри соли 2011 дар Ассотсиатсияи бонҳои Тоҷикистон вохўрии Раиси Раёсати Ассотсиатсия Лалбеков И.Л. бо намояндагони Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо бо сардории хонум Нино Омес барпо гардид. Дар рафти мулоқот масалаҳои зиёд намудани сармоя ва даромаднокии низоми бонк, қарзҳои бонкӣ ва қарзҳои мушкилситон, сабабҳои дар муомилот зиёд шудани ҳаҷми доллар (асъори хориҷӣ ва қарзҳои индексатсияшуда ва амонатҳо бо асъори хориҷӣ), натиҷа ва чораҳои танзимкунанда барои кам кардани дараҷа ва хавфи дар муомилот зиёд гардидани ҳаҷми доллар), асъори хориҷӣ ва мутобиқ набудани мўҳлатҳо, бозори маблағҳои зудфурўш, свопи асъорӣ (амалиёти табдили асъори миллӣ ба маблағи баробари асъори хориҷӣ), бозори дуюми коғазҳои қимматнок мавриди баррасӣ қарор гирифт.
14 сентябри соли 2011 мулоқоти Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Изатулло Лалбеков бо намояндагони Барномаи мониторинги лоихахои Комиссияи Аврупои дар Осиё ва Осиёи Маркази баргузор шуд. Дар рафти вохўри масъалаи дастрасии захирахои молияви барои истехсолкунандагони махсулоти хоҷагии қишлоқ мавриди барраси карор гирифт. Азбаски маблағгузории хурд талаботи хочагихои дехкони ва фермериро барои харидории техника ва тахҷизот пурра қонеъ гардонда наметавонад, бояд ба рушди бозори лизинг диққати махсус дода шавад. Ҳадаф аз ин лоиха пиёдасозии сиёсати маблағгузории минтақахои дехот ва гузаронидани тренингхо дар ин самт мебошад.
13 сентябри соли 2011 Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Изатулло Лалбеков бо хайати намояндагии Бонки таҷдид ва рушди Аврупо бо сардории чаноби Bredli van Leeuwen вохўрд. Дар рафти сўхбат ба масъалаи сугуртакунонии пасандозхо дар бонкхо диққати асоси дода шуд. Қайд гардид, ки ташкилотхои моливии чахон баъди сар задани бўхрони молияви ба масъалаи сугуртакунонии пасандозхои мизочон диққати махсус медиханд. Мақсади сафари хайати Бонки таҷдид ва рушди Аврупо тахияи дурнамо ва ё накшаи амалиёт барои устувории муассисахое мебошад, ки дар ташкилотхои карзи ба сугуртакунонии депозитхо машғуланд. Ин бошад барои дастгири ва устувор гардидани бахши молиявии Тоҷикистон мусоидат хохад намуд.
Раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Изатулло Лалбеков дар Маҷлиси Шўрои Ҳамоҳангсозии Байналхалқии ассотсиатсияҳои бонкҳои мамлакатҳои ИДМ, Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ (Шўрои Байналхалқии бонкҲо) ва форуми 1Х Байналхалқии бонкӣ, ки 2-3 сентябри соли 2011 дар шаҳри Сочи баргузор гардид, иштирок намуд. Дар маљлиси Шўрои Байналхалқии бонкӣ натиҷаи фаъолияти Шўро дар давраи солҳои 2008-2011 муҳокима гардид. Иштирокчиёни он оиди масъалаҳои мубрами бонкдорӣ ибрози назар намуданд. Иштирокчиёни маҷлис ҳамчунин Раиси Шўрои Байналхалқии бонкҲо, муовинони раисро интихоб ва Котиби иҷроияи Шўрои Байналхалқии бонкиро барои солҳои 2011-2014 тасдиқ намуданд. Дар форуми 1Х БайналхалҚии бонкӣ бошад, масъалаҳои "Хавфи менеҷмент ва идораи захираҳо дар бонки тиҷоратӣ-муносибати нав ва иҶрои онҳо", "Гурўҳҳои бонкӣ ва холдингӣ- масъалаҳои ташкилӣ ва танзими фаъолият", "Дастрасии минтаҚавии хизматрасонии бонкӣ-ҳолат ва дурнамои он" муҳокима гардиданд.
Ахбори иттилооти. ШБМ (Ширкати Байналхалкии Молияви), ки ба Гурухи Бонки Умумичахони шомил мебошад ва Саххомони Бюрои карзию иттилоотии Точикистон, (давомаш....)
Ассотсиатсияи Бонкхои Точикистон дар хамкори бо Бонки миллии Точикистон, рузхои 25-28 январи соли 2011 дар шахри Душанбе оиди мавзуи: "Тачрибаи чори намудани Меъёрхои Байналмиллалии Хисоботи Молияви дар фаъолияти бонкхо" курси тахассуси гузаронид. (давомаш....)
08.10.-08.12. соли 2010 Семинар-машваратхои Ассотсиатсияи Бонкхои Точикистон (давомаш....)
13 феврали соли 2010 мачлиси умумии солонаи бонкхои аъзои Ассотсиатсияи Бонкхои Точикистон баргузор гардид. Дар он хисоботи Ассотсиатсия дар соли 2009 ва дурнамои фаъолияти он то соли 2015 барраси гардид. (давомаш....)
26-30 январ ва 01-02 феврали соли 2010 Курсхои тахассусии Маркази Таълими (давомаш....)

 
Истиноди муфид
Юрисконсульт Online