Рус. Тоҷ.
    Ассотсиатсия Ахбор Фаъолият Бюрои таърихҳои кредитӣ Лизинг Интишорот Робита  
БАРОМАДҲО


 




Директори Маркази Таълимии Ассотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон,
номзади илми иктисод, дотсент Р.Сайисмонов
Зарурияти ҷори намудани "Бонкдории исломӣ" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар даҳсолаи охир мафҳуми "бонкдории исломӣ" дар захираи луғавии сармоядорони бисёр мамлакатҳои мутараккӣ устувор гардидааст. Ин институти молиявӣ, ки дар мамлакатҳои исломӣ амал мекунад, дар низомҳои анъанавии молиявӣ накши бузург мебозад.
Бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ки дар натиҷаи ҷаллобии миёнаравони молиявӣ рух дод, таваҷҷўҳро ба бонкдории исломӣ дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон пурзур намуд.
Табиист, ки таваҷҷўҳ ба бонкдории исломӣ дар минтакаҳое, ки кисми зиёди аҳолиашонро мусулмонон ташкил менамоянд, конуни аст, вале доираи фаъолияти онро барои як минтака маҳдуд намудан ғалат мебошад, зеро ин раванд дар низоми бонкии кисми зиёди мамлакатҳои ҷаҳон мавкеи устувор касб мекунад.
Бонкдории исломӣ, ки характери ҳаматарафа (универсалӣ) доштани худро исбот намуд, дар Тоҷикистон низ маъруфият пайдо карда истодааст. Дар кишвари мо ғояҳои бонкдории исломӣ, ҳамчун шакли алтернативии хоғагидорӣ (манзур - бонкдории исломӣ) дар арафаи ташаккул ёфтан аст.
Дар айни замон дар Тоҷикистон санадҳои меъёри-ҳукукӣ барои танзим ва рушди бонкдории исломӣ вуҷуд надоранд. Бонки миллии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Бонкҳои Тоҷикистон баҳри ҷори намудани принсипҳои бонкдории исломӣ коммисияи корӣ ташкил намудаанд ва дар ин самт лоиҳаи конуни "Бонкдории исломӣ" таҳия шуда истодааст. .......


 

 
Истиноди муфид
Юрисконсульт Online